Дар Суди шаҳри Хуҷанд муҳокимаи табиби маъруф, ҷарроҳи дил Абдумалик Саломов ба охир расидааст. Ӯро барои муносибат доштан бо ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” айбдор кардаанд.
Суд Саломовро бо моддаи 307.3, банди 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст) гунаҳкор эълон кардааст.
Ҳамин тавр, суд Абдумалик Саломовро ба муддати панҷуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Шарикони ӯ дар ин парванда Илҳом Ғаффоров (ҳамсинфи Саломов) ва Сайдулло Мирзоев (дӯсти табиб) низ бо моддаи дар боло зикршуда айбдор дониста, ба муддати панҷ сол ранҷи зиндон бояд кашанд. Мӯҳлати адои ҷазоро гунаҳкорон бояд дар муассисаҳои ислоҳотии режимаш пурзӯр паси сар кунанд. Манбаъ аз Суди шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки ҳоло хулосаи суд ҳукми қонунӣ нагирифтааст.
Саломов охири моҳи сентябр боздошт шудааст, аммо маълумот дар бораи боздошти ӯ баъди як моҳ расонаӣ шуд. Он замон аз прокуратура ба ВАО гуфтанд, ки табиб барои ширкат дар маҳфили палав, ки салафиҳои ин минтақа ташкил кардаанд, боздошт шудааст.
Ҳаракати “Салафия” аз соли 2009 дар Тоҷикистон экстремистӣ эълон шуда, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар мамнӯъ карда шудааст.
Акс аз РО