Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизби «Озарбойҷони нав» ҳайати намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Бунёди пул миёни Осиё ва Аврупо», ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ҳамкории қавӣ дошта, дар таъмини амнияти минтақавӣ саҳми шоиста доранд. Иртиботи дӯстонаи миёни роҳбарони кишварҳо барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамкории қаноти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» ва Иттифоқи ҷавонони ҳизби «Озарбойҷони нав» дар ин замина шоистаи дастгирӣ буда, рушд бахшидани онҳо ҷиҳати боз намудани уфуқҳои нави фаъолият кӯмак мерасонад.

Дар ҳамин росто, рӯзҳои 13-16 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки ҷавонони фаъол ва ташкилотҳои ҷавонони минтақаи Авруосиё Форуми байналмилалии ҷавонон «Бунёди пул миёни Осиё ва Аврупо» бо иштироки намояндагони «Созандагони Ватан», созмонҳои бонуфузи DEMYC, ICAPP, IYDU, EDS, YEPP ва дигарон баргузор шуд.

Боиси хушнудист, ки дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ рӯзи 15 сентябр Меморандуми ҳамкорӣ ва табодули таҷриба аз тарафи раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода ва раиси Иттифоқи ҷавонони ҳизби «Озарбойҷони нав» Сеймур Оруджаев ба имзо расид, ки тибқи он ҷонибҳо табодули таҷрибаи пешқадамро дар ҳамаи самтҳо ба роҳ мемонанд.

Мавриди зикр аст, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» узви созмони байналмилалии ҳамкориҳои шабакавии Шоҳроҳи бузурги Абрешим (SIRONET) буда, имрӯзҳо ҷиҳати имзои созишнома бо қаноти ҷавонони ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» — «Молодая Гвардия» ва қаноти ҷавонони ҳизби «Жас отан» гуфтугӯ идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here