«Бонки Эсхата» дар бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд дар муддати 30 дақиқа 100 000 сомониро байни соҳибкорони хурд «тақсим» кард.

Амали мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорони хурд, ки камчинии пулҳои майдаи коғазиро камбудӣ дар савдо меҳисобанд, инчунин, бо ҳадафи иваз кардани пулҳои фарсудашуда ба пулҳои нав иҷро шудааст. Соҳибкорон тавонистанд бе рафтан ба бонк, дар худи бозори Панҷшанбе пулҳои калонро ба як ва сесомонӣ, пулҳои фарсудашударо низ ба пулҳои нав иваз кунанд.

«Вақте, ки мизоҷон аз мо харидорӣ мекунанд, мо ба онҳо бақия дода наметавонем, зеро пули майда надорем ва агар дошта бошем ҳам фарсуда шудаанд. Ба ҷои бақия ягон мол пешниҳод мекунем, аммо на ҳама ба он розӣ мешавад. Хуб шуд, ки «Бонки Эсхата» мадад кард ва мо  тавонистем пулҳои худро бо пулҳои арзиши хурд иваз кунем. Танҳо камтар вақт барои дар навбат истодан сарф шуд, зеро хоҳишмандон хеле зиед буданд» — мегӯяд соҳибкор Мунира.

«Бонки Эсхата» барои иҷрои амалиёти мазкур гурӯҳи махсуси кормандонашро вобаста кард, ки бе иштироки онҳо таъмин кардани соҳибкорони хурд бо пулҳои коғазии нав душвор аст. Сардори хадамоти инкассатсия Анвар Иброҳимов мошини инкассатсионӣ ва бехатариро таъмин кард, Иномҷон Шукуров пулҳои навро, хазиначиёни бонк Собир Султонов ва Даврон Ҳакимбоев бо ивази пулҳои фарсуда ва майда кардани пул машғул шуда, тартиб ва бехатарии ҷараёни амалиётро  Неъматҷон Каримов ва Шӯҳрат Ӯрунов таъмин карданд.

Дастрасӣ ба пулҳои нави майда дар бозори Панчшанбе барои соҳибкорон аз санаи 28 то 30 август пешниҳод карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here