Парламенти Қирғизистон қарор қабул кард, ки дар ҳамаи мактабҳои кишвар, новобаста аз шакли моликияташон, дар як ҳафта бояд панҷ рӯз кор кунанд. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ акнун наметавонанд, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба таълиму тадрис машғул шаванд.
Вакилони парламент, ки ҷонибдори таҳсили панҷрӯза ҳастанд, бовар доранд, бо чунин роҳ таҳсили мактаббачаҳоро роҳаттар мекунанд, зеро хонандаҳо баъзан маҷбуранд рӯзи якшанбе ҳам вазифаи хонагӣ иҷро кунанд. Бар замми ин, омӯзгорон ҳам вақти бештар барои истироҳат пайдо мекунанд.
Ин навоварӣ ҳанӯз як сол пеш аз ҷониби вазири маорифи Қирғизистон пешниҳод шуда буд. Таҳсили шашрӯза танҳо дар ҳамон ҳолат ба роҳ монда мешавад, ки сарбории таълим дар як ҳафта аз 30 соат зиёд шавад.
Ҳамчунин, Вазорати маориф дар байни волидон пурсиш гузаронидааст, то розигии онҳоро барои аз 10-уми сентябр оғоз кардани соли нави таҳсил гирад. Ин тағйиротро парламент пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи вакил Достонбек Ҷумъабеков дар аввали моҳи сентябр мактабабачаҳо дар ҷамъоварии ҳосил ба волидон ёрӣ мерасонанд. Наврасон дар ин фасли сол метавонанд, ки дар канори Исиқкӯл вақти худро гузаронанд.