Сокинони шаҳри Кӯлоб имсол ҷашни Меҳргонро дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо тантана истиқбол намуданд.

Иди “Меҳргон” ҳамчун рамзи фаровониву ҳосили хуби кишти деҳқон, тибқи солшумории хуршедӣ дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешавад.

Иди Меҳргон, ки ҷашни аҷдодӣ ва муҳими миллати тоҷик гуфта мешавад,  тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 5-уми августи соли 2009, таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишвар ҷашн гирифта мешавад. 

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб низ ба муносибати истиқбол аз ин ид чорабини ботантана ва намоиши ҳунаҳои мардумӣ доир гардид. Дар ин ҳамоиш дастранҷи ҳунармандону деҳқонони шаҳру ҷамоатҳои минтақаи Кӯлоб ба намоиш гузошта шуда, дар он намояндагону фаъолони шаҳр иштирок карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here