Имрӯз дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе 71-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ин кишвар таҷлил карда шуд.

Дар оғоз, маросим бо тилловати пора аз китоби муқаддаси Қуръон шуруъ гардида, тамоми иштирокчиён бо даъвати сафири Покистон дар Тоҷиикстон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро дар маросими парчамбардорӣ ширкат варзиданд.

Дар ин маросим шаҳрвандони покистонии муқими Тоҷикистон, кормандони сафорат ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Тариқ Иқбол Сумро гуфт, ки рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса дар худи Покистон ва берун аз он таҷлил карда мешавад.

— Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Покистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо бахту саодат ва иқболу хушрӯзгориро таманно дорам, — изҳор дошт сафир.

Сипас, аз ҷониби масъули сафорат пайғоми президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Мамнун Ҳусайн ва сарвазири ин кишвар ҷаноби Имрон Хон қироат карда шуд.

Дар анҷом бахшида ба ин санаи таърихӣ кулчақанд аз ҷониби сафир Тариқ Иқбол Сумро ва ҳамсари ӯ бурида шуд, то ҳозирин тавонанд даҳон ширин кунанд ва зиндагиашон низ саршор аз ширину гувороӣ бошад.

Рухсораи Илҳом

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here