Машғулиятҳои навбатии таълимии ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, ки  ба омӯзиши соҳаҳои гуногуни буҷаи давлатӣ равона шудаанд, «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ (ТШСИ) дар Тоҷикистон» унвон шуда, ба омӯзиши ин бахши муҳим, саҳми соҳоти истихроҷ дар буҷаи мамлакат ва инъикоси касбии маълумоти мазкур аз ҷониби рӯзноманигорони кишвар иртибот мегиранд.

Ба кори ин тренинг таҳлилгарон Ҷаҳонгир Нигматов — котиби масъули котиботи миллии ТШСИ дар Тоҷикистон, Тоҷиниссо Азизова — роҳбари  ИттиҳодияиТҶШ «Шаффофият барои рушд», ҳамчунин, коршиносони соҳаи матбуот ва тренерон Иззатманд Саломов, Раҷаб Мирзо, Зеваршоҳи Муҳаммад ва Худоёр Бархонов ҷалб гардидаанд.

Лоиҳа бо сарпарастии молиявии вазорати рушди байналхалқии Великобритания (DFID) ва кӯмаки Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Машғулиятҳо 29 август оғоз шуданд, ки то 2 сентябр идома меёбанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here