Директори маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба хизматрасонии тиббӣ Зебогул Бурҳонова аз додани иттилоот ба журналистон даст кашид ва гуфт, то муовини раиси шаҳр иҷозат надиҳад, ӯ маълумоти заруриро нахоҳад дод. 

Дар модаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» омадааст, ки ВАО ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонунгузории ҶТ гирифтани ахборро дорад. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба ВАО маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд, аммо қонуни мазкур аз тарафи бархе роҳбарон сарфи назар шуда, ноогоҳиашон аз қонунҳои амаликунандаи кишвар шаҳодат медиҳад.

Ин ҳолатро дар рафтори Зебогул Бурҳонова директори маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба хизматрасонии тиббӣ рӯзи 23-январи соли 2018 мушоҳида намудем.

Мо хостем бо масъулони маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ суҳбат намоем, аммо мутаассифона ҳангоми ворид шудан ба утоқи директори он Зебогул Бурҳонова ва мақсади худро фаҳмонидан, ӯ ба мо гуфт, ки иттилоъ намедиҳад. «Аввал иҷозати муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа, Абдуназарзода Шоистаро гиред, баъд сӯҳбат хоҳем кард, вагарна ман ба шумо тамоман суҳбат намекунам», — гуфт ӯ.

Ҳарчанд ба ӯ гуфтем, ки намояндагони ВАО тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки бо роҳбарону масъулони дилхоҳ ташкилоту идораҳо суҳбат кунанд, ҳатто ба ӯ мисол овардем, ки оё бар зидди қонунҳое, ки роҳбари давлат имзо мегузорад, магар фармон ё супориши дигаре ҳаст? Ӯ дар посух гуфт: “бале, мо зердасти ҳукуматем, супориши онҳоро риоя мекунем”.

Барои дақиқ намудани ин монеъагузориҳо ба назди муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуназарзода Шоиста омадем. Номбурда гуфт, ки “мо тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳукумати кишвар амал менамоем ва ягон фармон, ё супорише нест, ки роҳбарони ташкилоту идораҳо ба намояндагони ВАО суҳбат накунанд, ин рафтори ӯ зидди қонунҳои амалкунанда аст”. 

Пас, маълум мешавад, ки директори маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа зидди қонунҳои амалкунанда ва амру фармонҳое, ки роҳбари давлат ба имзо мерасонад, рафтор мекунад, ё ин қонунҳо ба ӯ дахл надоранд?

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here