Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол», ки дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ба коми оташ фурӯ рафтааст.

Дар ин бора, ба редаксияи мо аз ҷониби хонандагони сайти “Фараж” наворе ворид гардид, ки дар он ҳолати сӯхтор дар Маҷмааи шаҳри Хуҷанд инъикос ёфтааст.

Ҳодисаи мазкур соате қабл ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин бинои боҳашамат дар даврони раиси вилояти Суғд будани Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуда буд. Ба қавли шоҳидони ҳол, ин иншоот бо баъзе ноқисиҳо сохта шуда будааст ва айни замон аллакай таъмирталаб шудааст. Бояд гуфт ин бино бо зебоию меъмориаш тез маъруф шуда, дар бисёр ҳолат чун симои шаҳри Хуҷанд ё вилояти Суғд истифода мегардад.

Бояд зикр намуд, ки сохтмони ин иншооти таърихӣ-фарҳангӣ моҳи майи соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here