Аз 31 март то 15 июни соли 2020 сайди моҳӣ дар обанборҳои шаҳру навоҳии қаламрави вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст, хабар дод дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Гуфта мешавад, ки ҳамасола бо мақсади ҳифзи захираҳои навъҳои моҳӣ дар обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ сайди онҳо манъ карда шудааст.
Агар ин муқаррарот аз ҷониби шаҳрвандон риоя нашавад, тибқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар назар аст, ки силсиларейдҳои муштарак бо мақомоти дахлдор гузаронида шаванд.