Марҳилаи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиши сабук (зимистона) бо иштироки ғолибони марҳилаи якуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анҷом ёфт, ки ба муносибати 27-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ тибқи супориши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби варзишии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Сармурабби варзиши сабуки вилоят Ҳошимҷон Олимов дар сӯҳбат қайд кард, дар мусобиқа 10 дастаи варзишгарон аз рӯйи 15 намуд сабқат карданд, ки шумораи умумии онҳо 192 нафарро ташкил медод, ки аз ин ҳисоб 66 нафар духтар буданд.

— Натиҷа нишон дод,  дастаҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен нисбат ба дигар дастаҳо пешсафанд. Беҳтаринҳо ба марҳилаи ниҳоӣ, ки дар Душанбе шуда мегузарад, роҳхат грифтанд, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here