Имрӯз дар толори Раёсати адлияи вилояти Суғд нишасти матбуотии Шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғ доир гардид.

Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 дар вилоят 47823 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шудаанд. Аз ҷумла, сабти таввллуд 25482, сабти вафот 6063, сабти никоҳ 7945 сабти бекоркунии ақди никоҳ 1922, сабти фарзандхонӣ 155 ададро ташкил мекунанд.

Хабарнигорон баробари масоили муҳими рӯз, аз масъалаи ғалатҳои имлоие, ки дар  ҳуҷҷатҳои пешниҳодкунандаи ин ниҳод содир мешаванд, суол карданд. Вобаста ба ин суол мутахассиси пешбари Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ Фараҳманд Назризода гуфт, агар шаҳрвандон дар вақти гирифтани ҳуҷҷатҳо хатоиҳоро ёбанд, ислоҳу дуруст кардани он аз ҳисоби корманд сурат мегирад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли 2020 ба ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон 5010 адад ислоҳу тағйирот дароварда шудааст, ки 80 дарсади он аз ҳисоби илова кардани ному насаб мебошад. Таъкид шуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1922 ақди никоҳ бекор шудааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 221 адад кам будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here