22-юми сентябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи кормандони ҷангал чорабинӣ доир шуд, ки дар он раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Раиси вилоят кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғдро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз нақши кормандони соҳа ёдоварӣ кард.

Таъкид карда шуд, ки баҳри беҳдошти ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаи ҷангалпарварӣ, истифодаи самаранок аз заминҳои фонди давлатии ҷангал тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.

Ба бунёди ҷангалзорҳои нав ва парвариши ҳайвоноти гуногун низ диққати махсус зоҳир гардида, соли ҷорӣ бори аввал дар ҷангалзори минтақаи Шаҳристон 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд. Ҳамзамон, барои ба роҳ мондани қутоспарварӣ дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштич корҳо оғоз гардидаанд.

Фаъолияти назарраси кормандони хоҷагии ҷангал бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, аз тарафи раиси вилоят барои рушди соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here