Судяи собиқи суди ноҳияи Панҷ Қурбониён Тоҷиддин, ки бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 1000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон боздошт шуда буд, ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда шудааст.

Тавре аз Суди Олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиаи судӣ рӯзи 12-уми октябр ҷамъбаст гардида, Қурбониён Тоҷиддин тибқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) гунаҳгор дониста шудааст.

Гуфта мешавад, Қурбониён, ки аз боздошт то рӯзи охири мурофиа бо шарти берун набаромадан аз ҳудуди Тоҷикистон дар озодӣ буд, аз толори суд ба ҳабс гирифта шуд.

Огоҳони ҳол мегӯянд, Қурбониён Тоҷиддин чанд сол боз дар суди ноҳияи Панҷ ба сифати судя фаъолият намуда, рӯзи 20-уми июни соли равон дар утоқи кориаш ҳамроҳ бо як корманди прокуратураи ҳамин ноҳия ҳангоми гирифтани 2000 (1000-сомонӣ ба ҳарду) сомонӣ ба сифати пора аз як сокини ноҳияи Панҷ боздошт карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here