Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд як парванда вобаста ба шиканҷа баррасӣ гардидааст, ки бо ин ҷурм подполковники милиса Шуҳрат Шамсиддинов ба муҳлати 13 сол зиндонӣ шудааст.

Муовини раиси Суди Олӣ, раиси коллегияи ҳарбӣ Раҳмонзода Сайдалӣ имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ҳукм нисбат ба ваколатдори оперативии ШКД шаҳри Хуҷанд, собиқ ваколатдори оперативии кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД ҶТ Шамсиддинов Шуҳрат рӯзи 29-уми январ, бо моддаи 143 прим қисми 3, банди «в» Кодекси ҷиноятӣ содир гардид.

Тавре расонаҳо менависанд, суд ин афсари милисаро на танҳо ба шиканҷа кардани узви собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати ислом Комил Хоҷаназаров, инчунин, барои «қаллобӣ ба миқдори бузург» ва “боздошти ғайриқонунӣ» низ муттаҳам донистааст.
Гуфта мешавад, Комил Хоҷаназарови 31-сола, фарзанди яке аз кормандони суди ноҳияи Ашт будааст, ки тобистони соли 2017 барои узвият дар ҳизби мазкур дастгир ва баъди чанд рӯз озод шудааст. Номбурда пас аз раҳоӣ дар як навор нақл кардааст, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ барои эътирофи узвият, пас аз мамнӯъ шудани ҲНИ, азобу шиканҷааш доданд ва ҳатто, таҳдиди «таҷовуз» ба номусаш кардаанд. Комил Хоҷаназаров моҳи октябри соли 2017 худкушӣ карда буд.

Добавить комментарий