Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди шаҳри Ҳисорро дар мавриди парвандаи пурсарусадои таҷовузи духтараки ноболиғи 12-сола аз сӯйи яке аз пайвандонаш бекор кард. Дар ин бора ОИ «АП» аз қавли як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, баъди баррасии шикояти касатсионии ҷониби даъвогар, имрӯз, 12-уми январ, ҳукми суди шаҳри Ҳисорро ба далели вуҷуди камбудиҳо ва нокофӣ будани далелҳо бекор карда, парвандарои барои таҳқиқи бештар ба прокуратураи шаҳрии Ҳисор бозгардонидааст.

9-уми декабр Суди шаҳри Ҳисор марди гумонбар дар таҷовузи ноболиғи 12-соларо барои 5 сол ба зиндон маҳкум ва бар асоси қонуни афв аз адои ҷазо озод кард.

Ин ҳукм дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои тундеро ба бор овард.

Судяи ин парванда Саидаҳмад Усмонзода ҳукми содиркардаи худро ба расонаҳо шарҳ надод ва ҷаласаи судӣ ҳам пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Ҳусниддин Абдуллоеви 42-соларо на бо моддаи таҷовуз ба номуси ноболиғ, балки барои анҷом додани ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо шахси ба синни 16-солагӣ нарасида маҳкум карданд.

Ин дар ҳоле буд, ки ҷониби вакили дифоъи ҷабрдида қотеъона таалаб мекард, ки гумонбар бар асоси моддаи 138, қисми 3 — таҷовуз ба номус маҳкум шавад, вале ин талаби ҷониби ҳимоя ба эътибор гирифта нашуд.

Хонаводаи ин ноболиғ, ки акнун 13-сола шудаасту аз ин робитаи ҷинсӣ як фарзанд ҳам таваллуд кардааст, 8 моҳ пеш низ аз ҳукми дигари суд норозигӣ карда ба Суди олӣ шикоят оварда буданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here