Дао вақти дар ҳаёт будан Диего Марадона падари ҳашт кӯдак буданашро иқрор кард. Додгоҳи Аргентина қарор дод, ки ҷасади Марадона то маълумшавии падари ин фарзандон буданаш сӯзонида намешавад.

— Санҷиши падарӣ, бино ба изҳороти Магалӣ Гилии 25-сола, ки худашро духтари футболбози машҳури ҷаҳон мешуморад, асос дорад, — хабар медиҳад ВВС.

Дар никоҳи расмии ӯ бо зани аввалаш Марадона соҳиби ду духтар — Далма ва Ҷианинна шудааст, ки ҳоло онҳо 33 ва 31-солаанд. Баъд аз бекоршавии никоҳ Марадона падари боз шаш кӯдак буданашро ба зимма гирифт, ки аз ҳама хурдии онҳо 7 сол дорад.

Магалӣ Гилӣ бештари ҳаёташро бо волидони қабулкардааш гузаронидааст. Ба гуфтаи ӯ, ду сол пеш, ба ӯ модари аслиаш занг зада гуфтааст, ки падари аслиаш метавонад Диего Марадона бошад. Ӯ дар сомонаи “Инстаграм” навореро пахш кард, ки дар онҷо гуфтааст, ҳақ дорад муайян кунад, ки футболбоз падараш ҳаст, ё не.

Марадона 25-уми ноябри соли равон бо сабаби аз кор мондани дил дар Буэнос-Айрес, дар синни 60-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Ӯ 26-уми ноябр дар қабристони хусусӣ дар Буэнос-Айрес, дар канори волидонаш ба хок супорида шуд. Ҳангоми зинда буданаш, ӯ хоҳиш доштааст, ки баъд аз мурдан ӯро бояд сӯзонанд, вале додгоҳ қарор қабул кард, ки ба сӯзонданаш иҷозат нахоҳад дод, то он даме ки ҳамаи ташхисҳои зарурии судӣ-тиббӣ анҷом дода нашаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here