Имрӯз дар бинои Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент мурофиаи судӣ баргузор шуд ва корафтодагони ин ниҳод маҷбур шуданд, ки то анҷоми он мунтазири масъулин бимонанд.

Бино ба иттилои як манбаъ аз кормандони ин корхона, дар толори Кумитаи идораи замин мурофиаи судии як нафар аз кормандони КФ «Кӯҳсор», ки дар соҳаи замин фаъолият дорад, оғоз шудааст. Мардуме, ки ин ҷо барои ин ё он кор қарор доштанд, мегӯянд, то анҷоми мурофиа даҳҳо корафтода пушти дари ин ниҳод истодаву мунтазири масъулин буданд, зеро қисми зиёди кормандон дар мурофиа иштирок кардаанд.

«Ман ҳайрон, ки чаро мурофиа дар толори суд неву дар Кумитаи идораи замин мегузарад? Чаро аксари кормандони ин ниҳод дар вақти корӣ бояд дар ҷаласаи судӣ ширкат кунанд ва аз ин ҳисоб корафтодагонро маҳтал кунанд?», — мепурсад Муҳиддин ном шаҳрванде, ки ин ҷо қарор дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here