Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ду хонанди боистеъдоди шаҳрро барои муаррифии кишвар дар хориҷа қадрдонӣ кардааст. Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ки дар Русия бо истеъдоди фавқулоддаи худ миллионҳо нафарро ба ҳайрат оварданд, сазовори   стипендияи раиси шаҳри Душанбе гардиданд.

Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ба номбурдаҳо ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 стипендия таъйин гардидааст. Ин иқдом бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ кардани ин ду соҳибистеъдоди навраси пойтахт, ки соли 2017 дар озмуни байналмилалии «Кӯдакони нобиға-2017» иштирок ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд, амалӣ гардид.

Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева дар озмуни «Кӯдакони нобиға», ки 3 ноябри соли 2017 дар Москва оғоз ёфт, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шуданд. Онҳо дар барномаи телевизионии «Одамони ғайриоддӣ» дар шабакаи телевизионии Россия-1 ширкат карданд ва бо истеъдоди худ мухлисони барномаро дар ҳайрат гузоштанд. Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқулода доварони барномаро шигифтзада кард, зеро дар муддати ду дақиқа камтар аз 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here