Шоми 20-ум ба 21-уми январи соли 2019 якбора чор дорухона воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳадафи ғорат қарор гирифтаанд. Шахсони номаълум бо роҳи шикастани қуфли дари даромад, ғайриқонунӣ вориди дорухона гардида, пулҳои нақдро аз ин дорухонаҳо рабудаанд.

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти дуздро муайян ва ба чирадастии дузд нуқта гузоштанд. Дар гумонбарӣ ба дуздии бисёрлаҳзаина шаҳрванд Нарзиев Дустмурод Хурсандбекович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ки қаблан соли 2017 барои дуздӣ ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гардидаву 3-юми январи соли равон ба озодӣ баромадаст, омухтагӣ ба ҷиноятро такрор ва дар ҳолати ретсидив дуздӣ ва сӯиқасд ба онро содир кардааст. Маротибаи аввал низ Дустмурод Нарзиев дар ҳамин ноҳия дуздӣ содир карда буд.

Ҳар чор дорухона дар як мавзеъ — дохили бозори марказии ноҳияи Спитамен ҷойгиранд. Аз ду дорухона гумонбаршуда Нарзиев Д. дасти холӣ набаромада, аз яке 4 ҳазору 600 сомонӣ ва аз дуюми 200 сомонии соҳибмулконро тасарруф кардааст. Дар ду ҳолати дигар тафтишот сӯиқасди дуздиро ба ӯ нисбат медиҳад. Аз сабаби дарёфт накардани маблағи пулӣ ва ашёҳои арзишнок номбурда ҷинояти худро ба охир нарасонида бо шикастан ва корношоям кардани қуфли дар ба ҷабрдидаҳо зарари моддӣ расонидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here