Ширкати хусусии ҳавокайҳонии Илон Маск “SpaceX” ба Комиссияи федералии Амрико оид ба мухобирот роҳандозии гурӯҳи моҳвораҳое, ки дар сайёра Wi-Fi-ро таъмин мекунанд, пешниҳоди кардааст.

Бино ба навиштаи International Business Times қарор аст ҳамагӣ ба фазо 4425 моҳвора бароварда шаванд, ки ба сокинони Замин интернети бесим бо суръати 1 Гбит\с дастрас мегардад. Гуфта мешавад, ки дар қадами аввал 800 моҳвора роҳандозӣ мешавад, ки ҳудуди ИМА-ро бо интернет таъмин мекунанд. Санаи дақиқи оғози ин барнома маълум карда нашудааст.

Фикри тамоми сайёраро бо интернети доимӣ ва қобили эътимод таъмин намудан барвақт ба сари одамон омада буд. Лоиҳаи бузурги “Аутернет”, ки ҳамин барномаро дошт, кори худро ҳанӯз соли 2015 бояд шурӯъ мекард. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастраси ба ин шабака ройгон ва ҳеч гуна ному рамзу ҳам зарур намешуд. Барои амалӣ кардани ин лоиҳа созмони ғайритиҷории Media Development Investment Fund камар баста буд. Ҳатто аввалин моҳвораҳои санҷишӣ низ ба фазо бароварда шуданд.

Фикри интернети сартосарӣ, ё кул барои бисёриҳо хаёле беш набуд, албатта, то он даме, ки Маск ба ин кор даст назад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here