Аз 30-юми апрел то шоми 21-уми июн дар Тоҷикистон 5457  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаанд, ки аз ин 3995 нафар шифо ёфтаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, то кунун дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд. Дар як шабонарузи охир 61 нафар шаҳрванде, ки зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 пизишк ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани ёрии аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Графики хаттии динамикаи афзоиш ва сирояти беморӣ (21.06.2020):

Бофтнигор (гистограмма)-и сирояти беморӣ (21.06.2020):

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here