Сарвазири собиқи Қирғизистон дар интихоботи президентии ин кишвар, ки якшанбеи 15-уми октябр баргузор шуд, бо ба даст овардани раъйи бештар ғолиб омадааст.

Тибқи маълумоти пешакии Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар интихоботи президентии ин кишвар ҳудуди 50%-и раъйдиҳандагон — 1 миллиону 692 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, беш аз 914 ҳазори онҳо (ҳудуди 54%) ба ҷонибдорӣ аз номзади Ҳизби ҳокими сотсиал-демократӣ Сооронбой Ҷээнбеков раъй додаанд.

Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихобот номзадро зарур аст, ки беш аз 50%-и раъйи иштирокдоронро ба даст орад. Аз рақиби асосии Ҷээнбеков — раҳбари ҷиноҳи парламентии «Республика — Ота Журт» Омурбек Бабанов 564 ҳазор кас, ё 33,3%-и интихобкунандаҳо ҷонибдорӣ кардаанд.

Раиси Ҳизби «Бутун Қирғизистон» Адахон Мадумаров бо ба даст овардани 108 ҳазор овоз (ҳудуди 6,3%) дар ҷойи сеюм ва раҳбари Ҳизби «Оқ-Шумқор» Темир Сариев бо 42,7 ҳазор овоз дар зинаи чорум қарор доранд. Ба ҷонибдорӣ аз Таалатбек Масадиқов, ки ҷойи панҷумро соҳиб шудааст, 10,5 ҳазор одам раъй додаанд.

Дар интихоботи 15 октябри Қирғизистон ҷамъан 11 номзад, аз ҷумла як зан барои дарёфти курсии президентӣ рақобат карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here