Баъд аз як соли таваққуф аввалин парвози муқаррарӣ бо мусофирони тоҷикистонӣ ба ҷониби Маскав 4-уми апрул тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон амалӣ шуд.

Қарор буд, ки ширкати ҳавпаймоии русии «Ютейр» аввалин парвози муқаррариро аз самти Душанбе ба Маскав анҷом диҳад, аммо ҳавопаймои ин ширкат 2-юми апрел ба Душанбе омаду 3-юми апрел танҳо онҳоеро ба пойтахти Русия бурд, ки шаҳрванди ин кишваранд, ё барои вуруд ба хоки ин кишвар асос доранд.

Ширкати «Сомон Эйр» нахустин парвози муқаррарии худро пас аз иҷоза шудани парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Русия ба Маскав анҷом дод. Дар нахустин парвози мустақим ин ширкат, 4-уми апрел, 180 мусофирро ба Маскав бурдааст, хабар медиҳад «АП» бо истинод ба маълумоти директори Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Гуфта мешавад, ки аз Душанбе ба Маскав 184 мусофир парвоз кардаанд. Парвози онядаро ширкат дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе рӯзи 6-уми апрел анҷом хоҳад дод.

Арзиши билет дар масири Душанбе-Маскав 349 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Билетҳоро мешавад аз хазинаҳои Оҷонсии алоқаи ҳавоӣ дарёфт кард.

Дар Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии  ҳамчунин гуфтанд, ки дар мавриди гаронтар фурӯхтани билетҳо ба онҳо муроҷиат шудааст ва ин ниҳод дар як ҷаласаи фаврӣ ин мавзуъро баррасӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ҳукумати Русия ба дастурҳои қаблии худ тағйирот ворид кардааст ва дар мавриди парвозҳои мустақим дар ҳоли ҳозир дигар мушкилоте вуҷуд надорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here