Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Маркази таълимии авиатсионии худро барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун таъсис дод.
МТА дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҷойгир шудааст. Дар ин бора Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, Маркази таълимии авиатсионӣ дар назди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” курсҳои гуногуни омодагии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати парвозии ҳавопаймо ва кормандони рӯйизаминиро мегузаронад. Машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони касбӣ, аз ҷумла дастурдиҳандагоне гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи истифодабарии ҳавопаймоҳои замонавиро дошта, дар марказҳои таълимии шуҳратманди ҷаҳон дарс омӯхтаанд.
— Маркази таълимии мазкур на танҳо барои ширкати ҳавопаймоии мо, дар умум барои авиатсияи тоҷик таъсис дода шудааст. Дарҳои мо барои кулли хоҳишмандон бозанд. Ифтихор аз он дорем, ки саҳми худро дар омода кардани кадрҳои касбӣ каме ҳам бошад, гузоштем,- иброз дошт директори генералии ширкат Томас В. Ҳаллам II.
Гуфта мешавад, ки Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ барои гузаронидани омӯзиш мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳуқуқ дорад ба омода кардани кормандони соҳаи авиатсия машғул шавад ва курсҳои такмили ихтисоси ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳои Boeing 737 Classic ва Boeing 737 Next Generation, ҳайати муҳандисию техникӣ, мутахассисони авиатсия, ки интиқолоти ҳавоӣ ва интиқоли борҳои хатарнокро тавассути нақлиёти ҳавоӣ амалӣ месозанд, дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва ҳайати сарнишинон, инчунин мутахассисон оид ба бехатарии авиатсиониро роҳандозӣ кунад.
Илова бар ин, МТА “Сомон Эйр” ҳуқуқ дорад вобаста ба омодагии ибтидоии дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳо, ҳамчунин омодагии рӯйизаминии довталабон барои шомил шудан ба сафи сарҳавонавардони ҳавопаймо ва ҳайати парвозӣ машғулиятҳо гузаронад. МТА оид ба расмиёти садамавӣ-наҷотдиҳӣ, оид ба идора кардани захираҳои ҳайати парвозӣ, интиқоли борҳои хатарнок тавассути нақлиёти ҳавоӣ, ҳамчунин оид ба бехатарии авиатсионии мутахассисони соҳаи авиатсия курсҳои дахлдорро пешкаш мекунад. Дар баробари машғулиятҳои назариявӣ ба курсҳои таълимӣ машғулиятҳои амалӣ низ дохил карда шудаанд, аз ҷумла машғулиятҳо оид ба тарки садамавии ҳавопаймо, оид ба хомӯш кардани сӯхтор дар дохили ҳавопаймо, оид ба хизматрасонии мусофирон дар дохили ҳавопаймо, оид ба хизматрасонии бағоҷ, таъмини сӯзишворӣ ва ғайра.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо муваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 800 ва 900 иборат аст. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз соли 2017 узви IATA мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here