Афғонистону Покистон ва кишварҳои Африқо ба рӯйхати кишварҳои фақири дунё шомиланд, ки дар ин кишварҳо кӯдакон бо таҳдиди марг рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин бора, ЮНИСЕФ — Идораи СММ дар умури кӯдакон рӯзи 20 феврал иттилоъ додааст.

Бино ба гузориши ин идораи СММ бо вуҷуди пешрафти кӯмаки тиббӣ, ҳамарӯза дар кишварҳои фақир 7 ҳазор навзод ҷон медиҳанд.

Ба гуфтаи ЮНИСЕФ имконияти зинда мондани кӯдаконе, ки дар Ҷопон, Ирландия ва Сингапур таваллуд мешаванд, 50 баробар бештар аз имкони кӯдаконест, ки дар кишварҳои фақир ба дунё меоянд.

“Ҳамасола 2,6 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон, дар моҳи аввали зиндагӣ аз дунё мегузаранд”, — гуфт мудири иҷроияи Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон Ҳенриетта Фор. “Бо назардошти қобили пешгирӣ будани бисёри ин маргумир, рӯшан аст, ки мо дар баробари кӯмак ба кӯдакҳои кишварҳои фақир ноком шудаем”, — афзуд ин намояндаи ЮНИСЕФ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here