Рамзи соли 2018 чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми лоиҳаи соли мазкур тасдиқ гардид.

Рамзи тасдиқшуда доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги парчами давлатӣ иҳота шудааст. Дар  атрофи рамз бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ  матни “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳак шуда, дар байн кӯҳҳои баланди Тоҷикистон ва дар болои яке аз қуллаҳо рамзи гардиши абадӣ акс ёфтааст. Инчунин, дар байни рамз сайёҳ ва нусхаи кӯза, ки бозгӯйи ҳунарҳои мардумӣ мебошад, инъикос ёфтаанд.

Вазорату  идораҳо, ташкилоту муассисаҳо,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳо, ВАО метавонанд аз рамзи мазкур озодона истифода баранд.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here