Соли 1990 дар ҳамин рӯз дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломия «Оид ба истиқлолияти Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Ин истиқлолият дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, аммо новобаста аз ин эълони чунин декларатсия қадами нахустин ба ҷониби Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Пас аз «табадуллот»-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода (КДВФ — русӣ: ГКЧП), ки коммунистони тундрав (КПСС) 19-21 августи соли 1991 дар ш. Москва ташкил намуданд,аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here