Шикоят аз сатҳи пасти хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, муносибати дағалонаи ронандагон бо мусофирон, аз меъёр зиёд гирифтани мусофир ва баҳси мусофир бо ронанда барои надодани бақияи роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе мавзӯи нав нест.

Ҳарчанд борҳо ин масъалаҳо расонаӣ шудаву нисбат ба ронандагони саркаш ҷаримаҳо татбиқ шудаву, ба гуфтаи масъулин, аз хатсайрҳо ронда шуда бошанд ҳам, аммо тавре мебинем, боз ҳам барои бархе аз ронандагон он дарси ибрат намешавад.

Сокини шаҳри Душанбе Фарзона Камолова мегӯяд, рӯзи шанбеи 9-уми март аз «Автосентр» бо хатсайри рақами 57 (нақлиёти «Старекс») то маҳаллаи «Дӯстӣ» рафтааст ва зимни талаби бақияи роҳкиро ба муносибати тунду дағалонаи ронанда дучор гардидааст. Ин зан мегӯяд:

— Ба ронанда 5 сомонӣ маблағи роҳкиро додам ва ба ҷои 3 сомонию 40 дирам, танҳо 3 сомонӣ бақия гирифтам. Пурсидам, чаро бақияро пурра намедиҳед, ронанда ғурриду гуфт: «Роҳкиро 2 сомонӣ аст, ҳатто як истгоҳ ҳам! Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ, аз мошин фаро!». Ман ҳам паст наомада гуфтам, ки ин нақлиёти ҷамъиятӣ аст ва ту ҳақ надорӣ аз пеши худат чӣ хеле хоҳӣ, нарх гузорӣ. Ӯ ҳам бо садои баланд дод зад: «Рав ба куҷое хоҳӣ, ба касе арз дорӣ кардан гир. Чӣ хеле хоҳам ҳамон хел нарх мемонам!»

Хонум Камолова тариқи расона ба масъулини идораи  «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва ҷамъияти нақлиётие, ки нақлиёти рақами 57 он ҷо фаъолият мекунад, муроҷиат карда, мехоҳад то ба ин мушкил расидагӣ ва нисбат ба чунин ронандаи саркаш чора андешида шавад.

Маъмурияти «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар суҳбат телефонӣ ба «Фараж» гуфт, пас аз муроҷиати шаҳрванд ҳатман чора хоҳанд дид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here