Дар ин бора муовини якуми вазири нақлиёти кишвар Мирзозода Суҳроб имрӯз, 17-уми июл, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки лоиҳаи сохтмони роҳи мазкур пурра омода шудааст ва гуфтушунид оид ба ҷалби 350 миллион доллари амрикоӣ бо ҷониби Бонки осиёии рушд ва Бонки таҷдиди Аврупо рафта истодааст.
— То охири моҳи равон пудратчӣ ва мушовири дараҷаи як интихоб мегардад ва дар ин самт корҳои сохтмонӣ моҳҳои март-апрели соли 2020 шуруъ хоҳанд шуд. Инчунин, дар масири Ваҳдат-Рашт-Лахш (сарҳади Қирғизистон) як пули 800-метрӣ низ бунёд мегардад, ки аллакай нисбат ба ин масъала бо Бонки инфрасохтори хитоӣ гуфтушунид кардем ва дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати кишвар ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам мушовири назорат ва ҳам мушовири лоиҳакашии пулро омода менамоянд. Баитмомрасии ин иншоот охири соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Худи таҷдиди роҳ ва ду-се нақбе, ки дар ин масир бунёд мешавад, то охири соли 2023 дар назар дошта шудааст,- гуфт муовини вазири нақлиёт.
Ёдовар мешавем, ки 18-уми июни соли равон як гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини якуми сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, ноиби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Шексин Чен, муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо Арабзода Нуралӣ барои дидан ва баррасӣ намудани лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Рашт — Лахш — сарҳади Қирғизистон ба ноҳияи Рашт сафар карда буданд.
Муовини якуми сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид роҳи мазкурро яке аз масирҳои байналмилалие номид, ки Тоҷикистонро ба ҳамсоякишвари Қирғизистон мепайвандад ва барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани мамлакат аҳамияти басо муҳим дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here