6-уми сентябр дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассиси касбу кори гуногуни ин иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супорид.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ табрик гуфт.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди одӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Неругоҳи барқии обии “Роғун”” бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи II”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here