Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» имрӯз, 4-уми март, дар ҷаласаи Шӯрои МНМО Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии МН, татбиқи лоиҳаи мазкур бо мақсади беҳтаргардонидани фарогирии занон ва кӯдакон бо хизматрасониҳои босифати тиббӣ тавассути сохтмону таъмири инфрасохтор, таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ ва омӯзонидани мутахассисони соҳа дар навоҳии Рашт, Файзобод ва Шамсиддини Шоҳин равона карда шудааст.
Дар шӯро ҳамчунин созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хока ва шираи нишоста ҳамчунин, маҳсулоти ордӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, «Фабрикаи каннодии Амирӣ» бо мақсади таҷдиди корхонаи истеҳсолии маҳсулоти қаннодӣ, ҳамзамон сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хокаи нишоста ва орди гандумӣ тасмим гирифтааст, ки ба иқтисодиёти кишвар 22,6 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ кунад.
Лоиҳа аз се марҳила иборат буда, дар марҳилаи аввали татбиқи он иқтидори истеҳсолии коргоҳи мавҷуда ва бунёдшаванда ба на камтар аз 27 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар як сол расонидашуда, марҳилаи дуюми Лоиҳа бунёди корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти хокаи нишоста ва шираи онро ба иқтидори на камтар аз 8 ҳазор тонна дар як сол дар бар мегирад. Марҳилаи сеюми он бошад ба бунёди корхонаи нави истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордӣ равона карда шудааст, ки иқтидори истеҳсолии он на камтар аз ҳазор тонна дар яксолро дар бар мегирад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here