Як гуруҳ соҳибкороне, ки дар қисмати дарвозаи якуми бозори «Корвон» ба тиҷорат машғуланд, аз муҳр задани дари дӯконҳояшон аз ҷониби маъмурияти бозор изҳори нигаронӣ карданд.

Онҳо ба хотири дар оянда барояшон мушкил эҷод нашудан дар суҳбати телефонӣ бо «Фараж» аз ифшои ному насабашон худдорӣ карданд ва аз роҳбарият хоҳиш доранд, ки барои кушодани дари дӯконҳо ва савдояшон иҷозат диҳанд.

Соҳибкорон мегӯянд, субҳи имрӯз маъмурияти бозор дари қариб 30 дӯконро танҳо ба хотири напӯшидани либоси ягона ва надоштани бейҷик бастаанд. Соҳибкорон ба гуноҳи худ иқроранд, вале мегӯянд маъмурият ин амалро  ногаҳонӣ дар ҳоле иҷро кард, ки эшон акнун борҳояшонро барои савдо омода мекарданд ва пас аз он ҳатман либос ва бейҷикашонро ба бар мекарданд.

Директори ҶДММ “”Бозори Корвон” Мавлонова Ҳалима Файзиевна бастани баъзее аз дӯконҳоро, дар тамос бо “Фараж”, тасдиқ кард, аммо гуфт, чунин дӯконҳо на беш аз ду се ададанд.

— Тибқи дастурамал ва оинномаи корхона, дар ҳолати иҷро нагардидани шарту шароити бозор аз ҷониби соҳибкор, маъмурият ҳақ дорад, муваққатан фаъолияти тоҷирро манъ кунад ва дари дӯконро бандад. Имрӯз барои ду ҳолат фаъолияти нуқтаи савдои баъзе тоҷирон манъ карда шудааст. Аввалан, барои дар ҷои кор напӯшидани либоси ягона ва надоштани бейҷик, дуюм, берун баромадан аз ҳадди марзе, ки барои фурӯши маҳсулоти соҳибкор муайян гардидааст. Беасос, касе ҳақ надорад, ягон ҷойро маҳкам кунад ва монеъи фаъолияти соҳибкорон гардад,-гуфт Ҳалима Файзиевна.

Бино ба гуфтаи директори бозор, тӯли 3 сол аст, ки барои пӯшидани либоси ягона ва будани ҳатмии бейҷик дар пеши бар бо соҳибкорон «мубориза» мебаранд, вале боз ҳам тоҷирон бо ҳар баҳона аз ба бар кардани он сарпечӣ мекунанд.

Ҳалима Файзиевна мегӯяд, баъд аз он ки соҳибкорони саркаш дастуру супоришҳои бозорро иҷро намекунанд, маъмурият маҷбур мешавад, бо роҳи қонунӣ онҳоро ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима бандад ва ин маблағ барои ободонии бозор масраф мешавад.

— Пештар соҳибкорро борҳо огоҳӣ медодем, баъдан ба муддати 3 рӯз нуқтаи савдоро маҳкам мекардем, сипас забонхаташро гирифта, онро мекушодем, вале боз бо ҳар баҳона аз пӯшидани либос сар мепечад. Ҷаримаро мо ба он хотир ба роҳ андохтем, то тоҷир фаҳмад, ки дар сурати иҷро накардани талабот боз пул месупорад. Албатта, барои насупоридани ҷарима ӯ маҷбур мешавад, ки талаботро иҷро кунад. Ҳар рӯз як маротиба аз пеши савдогарон мегузарем ва таъкид мекунем, ки борҳояшонро аз хати муайяншуда берун набароранд, либоси ягона ва бейҷикҳояшонро ба бар кунанд, вале боз мебинем, ки дӯкондорон дар иҷрои амал саҳлангорӣ мекунанд, — мегӯяд Мавлонова.

Бино ба гуфтаи директори ҶДММ «Бозори Корвон», тибқи оинномаи ҷамъият агар соҳибкор пас аз огоҳию пардохти ҷарима боз ба қоидавайронкунӣ роҳ диҳад, маъмурият муваззаф аст, нуқтаи савдоро аз ӯ гирад. Ин ҷазои сахттарин барои соҳибкор шуда метавонад, вале маъмурият мегӯяд, то ҳануз  чунин ҷазоро ба ягон соҳибкор раво надидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here