Гузоришгари хоси СММ дар кори озодии дин Аҳмад Шоҳид гуфт, ки дониши динии сокинони Ӯзбекистон бояд боло бурда шавад. 

Ӯ дар суҳбат бо радиои созмон натиҷаи сафари даҳрӯзаашро ба Ӯзбекистон дар моҳи октябр шарҳ дода, гуфтааст ки «агар ҳукумати Ӯзбекистон раванди кунуниро идома диҳад, бовар дорам, ин кишвар барои тағйирот аз тавонмандии ҷиддие бархурдор аст».

Аҳмад Шоҳид афзудааст, ки дар Ӯзбекистон озодии инфиродии динӣ тақрибан вуҷуд надорад. «Ман тақрибан мегӯям, зеро ба ман гуфтанд, ки интихоби дин озод аст. Ҳар касе кадом динеро хост, қабул мекунад, вале барои пайравӣ аз дине бояд аз баъзе қайду расмиёт гузарӣ», — изҳор доштааст ӯ.

Ба назари Шоҳид, дар замони ҳукумронии низоми коммунистӣ дар Ӯзбекистон тамоми ташаббусҳои динӣ саркӯб гаштаанд ва ба ин далел ҳоло дар он кишвар тамоми манобеи фикрии динӣ маҳв шудаанд.

«Зарурати барқарор ва боло бурдани дониши динӣ пеш омадааст. Ӯзбекистон ҳанӯз барои баҳсҳои бозу озод дар робита ба мавзуъҳои динӣ омода нест. Вале маҳз ин гуна баҳсҳо ақидаҳои тундравонаро решакан хоҳанд кард, на парвандаҳои ҷиноӣ», — мегӯяд гузоришгари СММ.

Аҳмад Шоҳид тасмими ҳукумати Ӯзбекистонро барои аз рӯйхати «сиёҳ»-и мақомот берун кардани номи 16 ҳазор мусулмон истиқбол кард. Ӯ ҳамчунин аз мақомоти ӯзбек даъват кардааст, ки қонунгузории миллии худро бо меъёрҳои Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандӣ мутобиқ намоянд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here