Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии CoViD-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кардааст, ки гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Ситод ии тасмимро имрӯз дар ҷаласаи навбатии худ таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода гирифтааст. Гуфта мешавад, ин тасмим вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ гирифта шудааст.

Дар ин тасмим гуфта мешавад, ки сайругашти мардум дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи қатъии талаботи фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

Ситод аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои пешгирӣ аз он мардум бояд қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намуда, ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here