Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз оқибатҳои иқтисодии дунёгир шудани коронавирус дар кишварҳои ИДМ изҳори нигаронӣ кард.
— Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои ВКХ-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард, — хабар медиҳад бахши матбуоти вазорат.
Қайд карда мешавад, ки дар рафти маҷлис вазирон дар бораи ҳамкории кишварҳои ИДМ дар заминаи дунёгир шудани коронавирус мубодилаи афкор кардаанд. Бахусус, Сироҷиддин Муҳриддин аз оқибатҳои иқтисодии он дар давлатҳои ИДМ изҳори нигаронии хешро баён кард.
Бино ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, баъди пайдошавии коронавирус буҳрон сабаби заиф шудани савдои дохиливу хориҷӣ, коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамкории сармоягузории кишварҳо гардида, ба рушди сайёҳӣ ва нақлиёт таъсири сахти манфӣ расонидааст. Дар баробари ин, коронавирус ба амнияти озуқавории давлатҳои узви ИДМ таъсири манфӣ гузоштааст.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин ёдоварӣ кардааст, ки дар соли 2021 Душанберо пойтахти фарҳанги ИДМ эълон карданд. Дар робита ба ин, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як силсила чорабиниҳоро бо иштироки ходимони фарҳанг ва санъат, баъд аз беҳтаршавии вазъи эпидемиологӣ, баргузор мекунад.