13-уми октябр Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Меҳргон симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар Симпозиуми мазкур олимони шинохтаи дохиливу хориҷӣ  ширкат карданд. 

Симпозиуми илмиро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки сегонаи ба ориёиён тааллуқдошта – Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҷашнҳое маҳсуб мешаванд, ки вобаста ба муҳтавои худ аҳамияти байналмилалӣ доранд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар суханронии хеш зикр намуд, ки тоҷикон аз таърих ва фалсафаи ҷашни Меҳргон бояд аз наздик ошно бошад, то  бидонанд, ки гузаштагони мо дар таҳияи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи ориёиҳои қадим чи нақше аз худ боқӣ гузоштаанд.

Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ  олимони дохиливу хориҷи ба мисли Акбар Турсуну Аббосалӣ Гасанов, Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ ва Франсис Ришар, Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва Ямо Шароф ва дигарон ширкат намуда, аз минбар ҷиҳати пайдоиш ва ҷашнгирии Меҳргону Сада  суханронӣ карданд.

Бояд зикр кард, ки Меҳргон ҷашни бардошти тирамоҳӣ аз ҳосили киштгардида мебошад ва месазад, ки мо онро ҷашни ҳосилғундорӣ талаққӣ намоем, аммо ҷашни мазкур боз аҳамияти фалсафиву илмӣ низ дорад ва онро беҳуда нест, ки муддати ҳазорсолаҳо пешвоз мегиранд.

Тибқи таҳқиқоти доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадқул Ҳазратқулов  Меҳргон ҷанбаҳои (кайҳонӣ), таърихӣ, оинӣ, кишорварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Оини мазкур дар асри 18 пеш аз мелод дар ҳаволии рудхонаҳои Ҷайҳуну Сайҳун ва канораҳои соҳили он ба вуҷуд омада, то аҳди Хаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард ва бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх, он ба сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри 4 мелодӣ ба Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд.

Муҳаққиқони ватанию хориҷӣ зимни тадқиқотҳои худ дар бораи ҷашни Меҳргон нишонаҳои боризеро аз русуму одати он дар ҷумҳуриҳои собиқи Осиёи Марказӣ, кишвари Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Озарбойҷон ва ғайра  таъкид намудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here