Дастаҳои футзали «Соро компания» (Душанбе) ва «Сипар» (Хуҷанд) дар бозиҳои даври финалии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ширкат карданд, ки бо ғалабаи футзалбозони хуҷандӣ ба охир расид.

Ду бозии аввали даври финалӣ дар Хуҷанд бо пирӯзии «Сипар» ба анҷом расида буд ва рӯзҳои истироҳати ин ҳафта бояд дастаҳо дар шаҳри Душанбе вомехӯрданд. Пирӯзӣ насиби дастае мешуд, ки се ғалаба ба даст овардааст. Барои «Сипар» зарур буд, ки дар як бозии сафарӣ пирӯз шавад, аммо ба «Соро компания» лозим буд, ки дар ду бозӣ дастболо шуда, сипас дар бозии ҳалкунанда ширкат кунад.

Бозии рӯзи шанбе бо пирӯзии душанебегиҳо ба анҷом расид. «Соро компания» бо натиҷаи 6:3 дастболо шуд ва мухлисон умедвор шуданд, ки дар бозии рӯзи якшанбе низ даста муваффақ мешавад. «Соро компания» дар қисми аввали бозии охирин бо натиҷаи 1:0 дар пеш буд, аммо хуҷандиҳо ҳисобро баробар карда, дар қисми дуюм боз ду голи дигар заданд. Голҳоро Илёс Чотбоев, Дилшод Саломов ва Парвиз Раҳматов ба ҳадаф расонданд.

Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар таърихи худ аввалин маротиба ба унвони чемпионӣ расид. Пештар соҳиби медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шудааст. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки солҳои 2018 ва 2019 чемпиони Тоҷикистон шуда буд, имсол ҷойи дуюмро ишғол кард. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе шуд, ки дар се бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро мағлуб кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here