Дирӯз. дар Душанбе, дар бинои кинотеатри Зебунисо, ки макони Иттифоқи синамогарони тоҷик аст, Синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади “Дидор-2019” ба кори худ ҳусни оғоз бахшид.

Ҳамчунин, бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 16-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, маҳфили бошукуҳе гузаронида шуд.

Дар ин кинофестивал  меҳмонон аз хориҷа низ ҳузур доштанд.

Дар фестивал аз номи ҳукумати кишвар ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан карда, тамоми синамогаронро ба 90-солагии кинои тоҷик табрик гуфт.

Дар синамобазми байнанлмилалии филмҳои мустанади “Дидор-2019” 57 филми дохиливу хориҷӣ ширкат мекунанд.

Яке аз муассисони фестивал-озмун Саъдулло Раҳимов ба faraj.tj гуфт:

— Дар озмун аслан 15 филм иштирок мекунанд, филмҳои дигаре, ки нишон дода мешаванд, ғайриозмуниянд.

Ҳакамон аз кишварҳои Тоҷикистон,  Қазоқистон ва  Эрон мебошанд. Синамобазми “Дидор-2019” то 20-уми октябри соли равон идома карда, дар охир барандагони ҷоиза муайян карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here