Як сокини 20-солаи шаҳри Панҷакент, ки баъди гирифторӣ ба бемории сили ба дорувор устувор аз Коллеҷи тиббӣ хориҷ гардидааст, даъво дорад, ки дар ҷои таҳсилаш барқарор карда шавад.

Зулфия Эргашева,  сокини деҳаи Ҳавзаки ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, соли 2019 баъди хатми мактаби миёна, тариқи Маркази милии тестӣ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил  мегардад.

Тавре худи Зулфия дар сӯҳбат гуфт, баъди як моҳи таҳсил дар колеҷ,  дар вуҷудаш бемории сили ба дорувор устуворро ташхис мекунанд. Баъдан ӯро барои табобат ба беморхонаи  Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар байни халқ бо номи “ Беморхонаи Деҳмой” машҳур аст, мефиристанд. Ӯ аз санаи 7-уми октябри соли 2019 то санаи 17-уми  декабр дар ин бемористон муолиҷа мегирад.

Моҳи феврали соли 2020, вақте табибон хулоса медиҳанд, ки ӯ дигар барои атрофиён манбаи сироят нест, ба коллеҷ омада мехоҳад, ки таҳсилашро идома диҳад, аммо ба Зулфия  мегӯянд, ки ӯро хориҷ кардаанд.

— Ман 1250 сомонӣ маблағи ҳаққи таҳсилро супорида будам ва дар курси аввали ихтисоси кори ҳамширагӣ мехондам. Фикр кардам, ки бо пешниҳод кардани маълумотномаи духтур маро ба хонданам барқарор мекунанд, зеро дар дарс иштирок накарданам сабаби узрнок дошт, Аммо маро барқарор накарданд. Хоҳиш кардам, ки аққалан маро ба рухсатии академӣ гузаронанд, лекин аз коллеҷ гуфтанд, ки барқарор кардан ва таҳсили академӣ гирифтан ба донишҷӯёни курси як роиҷ нест, — мегӯяд Зулфия Эргашева.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, онҳо дар оила 8 нафар буда, бародараш сардори хоҷагӣ аст. Бародари Зулфия низ аз бемории сили ба дорувор устувор азият кашида, баъди муолиҷаи тӯлонӣ шифо ёфтааст.

Тавре Аҳмадҷон Облоқулов, корманди саҳроии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф”, ки “Лоиҳаи ЮСАИД оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи марказӣ” (ETICA)-ро  амалӣ мекунад, иброз дошт, дар доираи лоиҳаи мазкур ба беморони сил дар давраи муолиҷа кӯмаки иҷтимоӣ расонида мешавад.

“Мо бародари Зулфияро дар давраи муолиҷааш аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирӣ намудем ва тасмим гирифтем, ки ба Зулфия барои барқарор кардани таҳсилаш кӯмак расонем. Зулфия орзу дорад, ки дар муассисаи мазкур таҳсил намояду оянда ҳамшира шавад.  Ба ӯ дар таҳияи ариза барои барқароршавӣ мусоидат кардем. Ҳангоми вохӯри  ҷонишини директор ва ва ёвараш ба ман гуфтанд, ки Зулфия бинобар сабаби иштирок накардан дар дарсҳо аз коллеҷ хориҷ шудааст ва донишҷӯёни соли аввал барқарор намешаванд. Гуфтанд, ки Зулфия бояд аз сари нав тариқи маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорад, аммо Зулфия розӣ нест, зеро аллакай боре имтиҳонҳои воридшавиро гузашта, маблағи таҳсилро ҳам супоридааст”, – мегӯяд Аҳмадҷон Облоқулов

Барои мусоидат намудан ба идомаи таҳсил, Зулфия тасмим гирифтааст, ки ба унвони Вазири маориф ва илми мамлакат низ ариза пешниҳод намояд. Аммо ҳануз умедвор аст, ки роҳбарияти коллеҷ ба арзи ӯ ҷавоби мусбат медиҳанд.

Дар робита ба ҳамин масъала, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, Муҳаббат Собирова гуфт, воқеан мо чунин донишҷӯ бо номи Зулфия Эргашева доштем.

— Як чизро бояд қайд кунам, ки бемории силе, ки Зулфия дошт, дараҷаи вазнинтар буд ва хавфи сирояти ин беморӣ ба дигар донишҷӯёну атрофиён зиёд буд. Аз рӯи Оинномаи коллеҷ, мо наметавонем донишҷӯёнеро, ки дорои чанд намуди беморӣ, аз ҷумла бемории сил ҳастанд, то шифо ёфтан ба дарс қабул кунем, – изҳор дошт Муҳаббат Собирова.

Ба гуфтаи сарвари колеҷ, мешуд, ки ӯро ба рухсатии академӣ фиристанд, вале аз сабабе, ки Зулфия Эргашева донишҷӯи курси якум буд, ин гуна имтиёз ба донишҷӯни курси аввал татбиқ намегардад.

— Бинобар он, ки қариб се моҳ дар дарсҳо ҳузур надошт ва ҳам ба бемории сил сироят ёфта буду шояд ба дигарон мегузашт, мо ӯро аз коллеҷ хориҷ кардем, – гуфт хонум Собирова.

Директори коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ҳамчунин таъкид намуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022, агар Зулфия Эргашева ҳуҷҷатҳояшро аз  сари нав ба коллеҷ супорад, шояд бо ягон имтиёзе ба ӯ кӯмак кунанд  ва ё ба ҷои таҳсилаш барқарор созанд.

Тавре сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт мегӯяд, “Имтиёз тибқи Конун «Дар бораи маориф» танҳо ба ятимони кулл, маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2 пешбинӣ шудааст… Мувофикқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии академии донишҷӯёни курси 1 бо пешниҳоди хуҷҷатҳои тасдиқкунанда (дар бораи сабабҳо: бо сабаби мушкили оилавӣ, беморӣ, вазъи оилавӣ), танҳо бо иҷозати Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда мешавад”.

Дар ҳамин мавзӯъ рӯзноманигори маҳаллӣ Шоҳин Облоқулзода мегӯяд: — Ман чанд сол вобаста ба касалии сил мавод менависаму чандин барномаву қонунҳоро омӯхтам. Дар Тоҷикистон қонуне мавҷуд аст бо номи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил». Дар  моддаи 15-и қонуни мазкур, ки ба дастгирии ичтимоии шахсони гирифтори бемории сил бахшида шудааст, мутаасифона барои донишҷӯёне, ки ба ин беморӣ мубтало мегарданд, ягон имтиёз оварда нашудааст.

Дар Қонуни мазкур оид ба ҳимояи ҳуқуқии муҳассилини мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва кормандони коргоҳҳо, ки ба бемории сил гирифтор мешаванд, оварда шудааст:

Моддаи 15. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он  таҳти  мушоҳидаи  диспансерӣ қарордошта

Барои шаҳрвандони гирифтори бемории сил, ки қобилияти кориашонро муваққатан гум кардаанд, ҷои корашон (вазифа) ба мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Дар давраи аз кор (вазифа) хориҷ кардан вобаста ба бемории сил ва ба гирифторони бемории сил дар асоси суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ дода мешавад.

Барои беморони гирифтори шакли фаъоли сил, ки аз рӯзи муайян шудани беморӣ бекоранд, ба мӯҳлати як сол гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи  шахсони  гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта

Шахсоне, ки барои  ташхис ва ё  табобат дар муассисаи тиббии муолиҷаи бемории  сил  бистарӣ  шудаанд,  ҳуқуқ доранд, ки:

— таҳсилро мувофиқи барномаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳатмӣ идома диҳанд;

Тавре дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ин қазияро шарҳ доданд, дар чунин ранг гирифтани ҳодиса як тарафро гунаҳкор кардан нашояд.

“Дар ин ҳодиса нофаҳмӣ ҳам аз ҷониби муассисаи таълимӣ, ҳам аз ҷониби донишҷӯ ва ҳам аз ҷониби муассисаи зиддисилие, ки донишҷӯ дар он ҷо табобат гирифтааст, рух додааст. Вақте донишҷӯ муддати дурудароз ба дарс ҳозир намешавад, табиист, ки ӯро хориҷ мекунанд. Донишҷӯ, ё ақаллан хешовандонаш, қабл аз оғози табобати дурудароз бояд роҳбарияти коллеҷро огоҳ мекарданд, ки сабаби ба дарс ҳозир нашуданаш узрнок аст. Муассисаи зиддисилӣ, ки беморро ба табобат фаро гирифтааст, ба роҳбарияти муассисаи таълимие, ки бемор дар он ҷо таҳсил мекард, бояд маълумотнома оид ба бемории донишҷӯ пешниҳод менамуд. Ҳоло донишҷӯ бояд иқтибос аз таърихи беморӣ ва тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро ба роҳбарияти коллеҷ пешниҳод кунад. Агар лозим ояд, маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ё Маркази Ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба роҳбарияти коллеҷ муроҷиат мекунанд, то донишҷӯ барқарор шавад”, — иброз дошт намояндаи масъули Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”.

Ҳуқуқшинос аз Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳимояи ҳуқуқи инсон”, коршинос Лариса Александрова қазияи мазкурро аз нуқтаи назари ҳуқуқи инсон чунин шарҳ дод:

Сабабҳои хориҷ кардан аз коллеҷ бояд асоснок бошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ин масъаларо танзим намекунад.

Шояд ин масъала дар зерсанадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфта бошад. Ин масъала низ бояд дар сатҳи Оинномаи Коллеҷ ҳалли худро дошта бошад. Бемории донишҷӯ, ки монеи иштироки ӯ ба дарсҳо ва супоридани имтиҳонҳо шудааст, бояд сабаби узрнок бошад. Албатта, донишҷӯ бояд пешакӣ ба роҳбарияти коллеҷ дар бораи табобат ва имконнопазирии ташриф хабар медод. Аммо дар ҳар сурат, мантиқан аз рӯи принсипи адолат амал намуда, ба донишҷӯ бояд имконият дода шавад, ки ҳамаи имтиҳонҳоро дубора супорад, агар донишҷӯ барномаро аз худ накарда бошад, пас аз сари нав ба курси аввал қабул кунанд. Аммо дар ҳар сурат, барои дақиқ кардани ин масъала ба мақомоти ваколатдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардан лозим аст.

Агар масъалаи ҳифзи беморони сил аз нуқтаи назари қонунгузории дида бароем, чунин аст:

Қисми 2-и Моддаи 156 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки шахсоне, ки барои ташхис ё табобат дар ташкилотҳои тиббии зидди сил дар беморхона бистарӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд: таҳсили худро мутобиқи барномаи таълими умумии таҳсилоти миёнаи ҳатмии умумӣ идома диҳанд.

Мутаассифона, Кодекси тандурстӣ дар масъалаи ҳуқуқи беморони сил дар бораи дигар шаклҳои таҳсил чизе нишон намедиҳад. Аммо бо риояи принсипи бидуни табъиз ва моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар касро, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқод, эътиқоди сиёсӣ, маълумот, вазъи иҷтимоӣ ва моликияташон кафолат медиҳад.) Ин муқаррарот набояд ҳуқуқи таҳсилоти ҳамаи шахсони гирифтори силро вайрон кунад, алахусус агар шахс дигар хатари сироятро надошта бошад. Илова бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» муқаррар менамояд, ки таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шаклҳои гуногун (рӯзона, ғоибона, таълими фосилавӣ ва ғ) ташкил карда мешавад, ки тартиби татбиқи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад. Шаклҳои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо назардошти талабот ва имкониятҳои донишҷӯён интихоб карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here