Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, иди Рамазон 31-уми июл баргузор карда мешавад. Номбурда дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки намози Иди Қурбон доир намешавад ва шаҳрвандон метавонанд дар вақти намоз дар хонаи худ ба зикру тасбеҳ машғул шаванд.

— Мувофиқи ҳисоби илмӣ рӯзи ҷумъа, яъне 31-уми моҳи ҷорӣ, Иди саиди Азҳо аст. Азбаски мо дар ҳолати фавқулодда ва ғайримаъмулӣ қарор дорем, то бартараф шудани ин хатар масҷидҳо баста ҳастанд. Шариати исломӣ чунин ҳолатҳоро пешбинӣ кардааст ва намозгузорон метавонанд дар вақти намози ид дар хонаашон ба зикру тасбеҳу таҳлил машғул шаванд. Дар чунин ҳолат, мувофиқи баъзе аз таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, шарт гузошта шудааст, дар сурате, ки намози ид хонда намешавад, қурбонӣ бояд баъди завол, яъне пешин анҷом ёбад. Чунки ин ҷо бояд намози ид хонда мешуд ва ҳоло намози ид хонда намешавад, ба ҳамин хотир қурбонӣ каме бо таъхир анҷом дода мешавад. Аммо, тавре ки Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад, рӯзи ид ҷамъшавӣ, яъне намози ид хонда намешавад,- гуфт Абдулқодирзода.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сабаби пас аз пешин анҷом додани қурбониро шарҳ дод: Яке аз рукни асосии рӯзи саиди Азҳо ин намоз аст. Ҳол он ки, намоз хонда намешавад ва яке аз воҷибот барҳам мехӯрад. Ба хотири эҳтироми намози Ид қурбонӣ ба таъхир монда мешавад. Яъне ин дар сурате аст, ки агар ягон фитнае, нооромие, шамоле ё тӯфоне бошад, мардум интизор мешаванд ва аз рӯи имконият то намози пешин намози Иди қурбонро анҷом медиҳанд, баъд қурбонӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here