Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазон, ҳаҷму меъёри закот, садақаи Фитр ва фидяи савмро муайян кард.

Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Афшин Муқим ба «Фараж» иттилоъ дод. Манбаъ мегӯяд, Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар мувофиқи ҳисобҳои илмӣ аввали моҳи Рамазони имсоларо рӯзи душанбе, 6-уми май, эълон кард.

— Тибқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои онҳое, ки тавони бештари молӣ доранд) ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки барои сиҳатшавияшон умеде нест, 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд, — гуфт Афшин Муқим.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, хатми Қуръони карим дар масҷидҳои кишвар тибқи имконоти мавҷуда дар ҳудуди як пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here