Дар нӯҳ моҳи соли равон аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 53 амалиётҳои махсус гузаронида шуда, аз қочоқчиён ба миқдори 1 350 кг 748 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла 87 кг 160 гр героин, 472 кг 561 гр афюн, 605 кг 524 гр ҳашиш, 183 кг 777 гр бангдона (канабис), 127 кг 720 гр маводҳои мадҳушкунанда дарёфт ва мусодира гардидааст. Ҳамчунин, 1 110 238 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тариқи сӯзонидан нобуд карда шудааст.
Ин нукта зимни ҷаласаи ҷамбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст.
Тибқи иттилои сухунгӯи маркази матбуоти ин ниҳод Муҳаммад Улуғхоҷаев, аз қочоқбарон ҳамчунин, 21 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 1000 дона тирҳои қутраш гуногун, 119 дона нориҷакҳои дастӣ ва маводҳои тарканда, 28 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ҳамин давра 20 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст, ки 11 нафар қочоқчӣ безарар, 32 нафар дастгир, 56 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад, пешгирӣ карда шудааст. Инчунин, 124 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 101 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 163 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 165 нафар вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардидаанд.
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ 433 нафар, азҷумла вайронкунандагони низом дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ 22 нафар, вайронкунандагони қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар, ва 343 нафар шахсони дар рӯйхати кофтуков қарордошта дастгир шуда, пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомотҳои дахлдор супорида шуданд.
Аз қонунвайронкунандагони низоми сарҳадӣ ва қочоқбарони молҳои ниёзи мардум, маводҳои хӯрокворӣ, ашёҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, ки ғайриқонуни вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуданд, ба буҷаи давлат 544 202 сомонӣ ворид карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин муддат пас аз таъмиру пурра аз навсозӣ ва корҳои ободонӣ дар ВМКБ, Отряди сарҳадии “Хоруғ”, Комендатураи сарҳадии “Рушон”, дидбонгоҳи сарҳадии “Харгушӣ” ва дар вилояти Суғд 2 адад Дидбонгоҳи сарҳадӣ бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида, бо мақсади таъмини боэътимоди амнияти кишвар новобаста аз фасли сол дар сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ сарҳадбонон ба истифода дода шуданд.
Сохтмони иншоотҳои сарҳадӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои тамоми шароитҳо ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима гардида, барои бартараф намудани онҳо аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сардорони Раёсатҳо, отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳо оиди иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, ҳамчунин оиди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, мустаҳкамии назорат ва муҳофизати сарҳади давлатӣ барои се моҳаи чоруми соли 2018 супоришҳои мушаххас дода шуд.