Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, рӯзи 6-уми октябр 40 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардид. Ба иттилои манбаъ, аз 30-юми апрел то ҳозир 10014 нафар ба коронавирус гирифтор гардидаанд.

Аз ин миқдори мубталоён 8837 нафарашон шифо ёфта, 78 нафар вафот кардаанд. Дар ҳамин ҳол корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри хабарҳо атрофи бемории шаҳрвандон навиштаанд, ки шумораи мубталоён ба коронавирус ва пневмония дар муқоиса ба рӯзҳои қабл бамаротиб зиёд шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here