Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамкориҳои парлумонӣ ва вазъи минтақа мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар оғзи мулоқот мардуми дӯсти Туркманистонро ба муносибати анҷоми бомуваффақонаи Бозиҳои панҷуми Осиёӣ даруни толорӣ ва ҳунарҳои размӣ (сентябри соли 2017) самимона табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки  Ашқобод дар таърих  ҳамчун якумин шаҳр дар Осиёи Марказӣ бо нишондоди рекордӣ ворид шуд, зеро тақрибан панҷ ҳазор варзишгар аз 65 кишвари дунё ба ин шаҳр омада буданд..

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки ташрифи Президенти Туркманистон мисли давраи аввал (5 майи соли 2014) рӯйдоди хотирмон дар марҳилаи нави муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба шумор рафта, барои рушди бемайлони ҳамкориҳо, тақвияти дӯстӣ байни мардуми ду кишвар мусоидат хоҳад кард. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here