Раиси Суди Олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, ягон далел барои бознигарӣ кардани Қарори Суди Олӣ дар бораи ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф кардани «Гуруҳи 24» вуҷуд надорад.

Номбурда дар нишасти матбуотии Суди Олӣ аз муроҷиати хаттии чанде аз намояндагони «Гуруҳи 24» ёдовар шуда, гуфт, ин нафарон мехостанд, Қарори Суди Олӣ дар бораи ташкилоти террористию эктремистӣ эътироф шудани «Гуруҳи 24» аз сари нав дида баромада шавад ва ин гуруҳи мазкурро аз руйхати ташкилотҳои мамнуъ берун кунад.

— Ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар муқоиса бо дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистон қисми ками иттиҳодияҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф кардааст ва фаъолияти онҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон манъ кардааст. Мушаххасан дар бораи муроҷиати расмии чанде аз нафарони узви “Гуруҳи 24” ба Суди Олӣ мегӯям. Онҳо дар муроҷиаташон изҳори пушаймонӣ карданд ва иброз доштанд, к мақсадашон содир кардани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон нест,аммо мавқеи онҳо бо мавқеи аъзоёни дигари “Гуруҳи 24” мухолиф буд. Дарҳол дигар аъзоёни ташкилот масъалагузорӣ карданд, ки мавқеъашонро дигар карданӣ нестанд ва касоне муроҷиат карданд, ин кори онҳост.  Ин гуфтанд, “мо мақсаду ҳадафҳои худро дорем ва аз аҳдофи худ даст нахоҳем кашид”,- гуфт Шоҳиён.

Шоҳиён гуфт, муроҷиат дар Судӣ Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва бо сабаби риоя накардани талаботи қонунгузории амалкунанда расман, ба шакли хаттӣ, ба шахсони муроҷиаткунанда мактуби ҷавоби ирсол карда шуд.

Феълан дар Тоҷикистон 17 ҳизбу ҳаракат, равия ва созмон террористиву экстремистӣ эътироф шудаанд, ки дар миёни онҳо «Ал-Қоида», «Толибон», «Ансоруллоҳ», «Салафия», Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати ислом ва “Гуруҳи 24”  чунин иттиҳомотро нисбаташон рад мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here