Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон 441 донишҷӯ аз давлатҳои хориҷӣ низ таҳсил менамоянд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шодӣ Сафаров — ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои ӯ, аз 441донишҷӯи мавриди назар 300 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 120 нафар аз Туркманистон, 18 нафар аз Қазоқистон ва 3 нафар аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон буда, онҳо дар 18 кафедраву 5 факултети донишкада ба омӯзиш машғуланд.

Гуфта мешавад, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба ҳисоби умумӣ 5929 донишҷӯ дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Ҳайати умумии маъмурият, омӯзгорон ва кормандони хоҷагидории донишкада аз 227 нафар иборат аст, аз ҷумла 52 зан. Аз ҳисоби умумии омӯзгорон 4 нафар доктори илм, 19 нафар номзадҳои илм, 77 нафар омӯзгорони калон, 62 нафар устодони варзиши ҷумҳурӣ, 120 нафар ассистенти кафедра мебошанд, ки дар муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олии соҳавиянд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро 1319 нафар, аз ҷумла 100 нафар бо дипломи сурх хатм кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар донишкада 300 нафар варзишгарони дастаҳои мунтаби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Вобаста ба бемории коронавирус ректори донишкада иттилоъ дод, ки то имрӯз дар муассисаи мавриди назар хушбахтона ягон нафар аз ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашудааст.

— Аз тарафи раёсати донишкада ҳар ҳафта толорҳо ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ бо доруҳои зиддисироятӣ безарар гардонида шуда, донишҷӯёну омӯзгорони бениқоб вориди донишкада намешаванд,- илова намуд Шодӣ Сафаров.

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here