Ҳафтаи гузашта, 28-уми декабр дар ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 6 нафар ба узвияти Иттифоқ қабул гардиданд, ки миёни онҳо Шодӣ Раҷабзод, корманди ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил мебошад.

Устод Шодӣ Раҷабзод муаллифи китоби «Растагорӣ» (2016) мебошад, ки маҷмӯи ҳикояҳо ва мақолаҳои проблемавиро дар бар гирифта, дар нашриёти «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми кишвар бо теъдоди 300 нусха, дар ҳаҷми 210 саҳифа рӯи чоп омада буд. «Ранҷиш» китоби дуюми муаллиф аст, ки феълан дар нашриёти «Ирфон» қарор дорад ва дар назар аст бо теъдоди 300 нусха рӯзҳои наздик ба дасти хонандаи соҳибзавқи худ хоҳад расид. Муаллиф дар ин китоб маҷмӯи ҳикояҳо ва мақолаҳояшро гирд оварда аст, ки дар солҳои гуногун ва мавзӯҳои гуногун навишта шуда, дар расонаҳои даврӣ ба табъ расидаанд.

Шодӣ Раҷабзод хатмкардаи факултаи филологияи тоҷик (шуъбаи журналистика)-и ДМТ (он замон Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин) дар солҳои 1981-1986 буда, аз соли 1986, пас аз хатми донишгоҳ то соли 2001-ум ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи рақами 51-и ноҳияи Рӯдакӣ кору фаъолият кардааст.

Номбурда ҳамчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2012), буда, ба унвонҳои фахрии аълочии маориф (2013), аълочии матбуот (2013), аълочии фарҳанг(2017) низ мушарраф гардидааст.

Аз соли 2011 то ҳол муҳаррири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Омӯзгор» мебошад. Кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон устод Шодӣ Раҷабзодро бо узвияташ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муборакбод мегӯяндва дар кори пурмасъулияти нависандагӣ барояш бӯрдборӣ мехоҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here