Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, дар соли гузашта танҳо як парванда бо моддаи 143 эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон — “Шиканҷа” дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст.

Номбурда иброз дошт, ки бо ин модда нисбати сарнозири маҳкамаи муваққатии рақами 19-и ШВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳакимов Одилҷон парванда баррасӣ гардида, ҷазои маҳкум кардан аз озодӣ татбиқ карда шудааст.

 

Бино бар маълумоти прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, нисбати ду нафар корманди ваколатдори оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон Файзов ва Зардов низ соли 2017 вобаста ба шиканҷа парванда оғоз гардида, феълан таҳти тафтишот қарор дорад.

 

Шоҳиён, ки имрӯз, 1-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба суолҳои хабарнигорони расонаҳои кишвар посух медод, инчунин дар мавриди ҳукмҳои сафедкунанда аз ҷониби судҳои кишвар қайд кард, соли 2017 чунин ҳукмҳо нисбати 14 нафар бо 12 ҳукми содиршуда, шаҳрвандони кишвар сафед карда шудаанд.

Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар судҳои кишвар 17612 адад парвандаи гражданӣ, 61749 адад парвандаи маъмурӣ, 7613 адад дархости мақомоти тафтиши пешакии оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ ва маҷбуркунии мурофиавӣ, 6397 пешниҳоди сардорони мақомоти иҷрои ҷазо оиди ба ҷазои сабуктар иваз кардан, бинобар бемории вазнин аз адои ҷазо озод кардан, дар умум 156912 парванда ворид гардидааст. Аз ин шумора 148733 адади он мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, ки нисбат ба соли 2016-ум 541 адад кам мебошад.

Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, пас аз баррасии парвандаҳои судӣ ба фоидаи давлат 58 миллиону 274 ҳазору 114 сомонӣ боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, товони зарари аз тасаруфи молу мулки давлатӣ расонидашуда рӯёнида шудааст.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here