Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин соҳибкори соли 2018”, ки бо ибтикори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд, сурат гирифт. Бар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2018, ширкати Tcell ҷоизаи ифтихории озмунро дар бахши “Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” ба даст овард.

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар минтақа озмуни вилоятии “Соҳибкори беҳтарини соли 2018” бо қарори раиси вилояти Суғд аз моҳи апрели соли равон оғоз гардида, то моҳи декабр идома кард. Ин иқдом бо ҳадафи беҳбудсозӣ ва мусоидат дар тақвияти фазои иқтисодию иҷтимоии вилоят роҳандозӣ шуда буд.

Озмун аз рӯи 42 номгӯй ва 8 бахши соҳибкорӣ ҷараён гирифта, дар он теъдоди зиёди соҳибкорон, ширкатҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Ширкати Tcell  «Беҳтарин соҳибкори сол» дар бахши “Беҳтарин соҳибкори вилоят дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” эътироф гардид.

Барои Tcell як чунин шинохту қадрдонӣ аҳамияти бузург дорад: ширкати Tcell ҳамарӯза шабакаашро тақвият медиҳад, технологияи муосирро роҳандозӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат ба унвони яке аз сохторҳои марбути Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоиаш ба бахши соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти иқтисоди кишвар мегузорад. 

«Ин мукофот қабл аз ҳама ба муштариёни мо таалуқ дорад. Маҳз онҳо ҳастанд, ки моро интихоб мекунанд, бо мо мемонанд ва барои мо имконияти рушдро фароҳам меоранд, ин омил ба мо такон мебахшад, моро рӯҳбаланд месозад”, — мегӯяд директори бахши Тсеll дар вилояти Суғд Фирдавс Махсумов. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here